Молдив аз 1 ноябр иҷрои қонунеро оғоз кард, ки харид, фурӯш ва кашидани тамокуро барои касоне, ки пас аз январи соли 2007 таваллуд шудаанд, манъ мекунад. Ба ин тартиб, ин кишвари хурди воқеъ дар Уқёнуси Ҳинд кишвари нахустини ҷаҳон аст, ки ба таври расмӣ худро "насли бидуни сигор" муаррифӣ кардааст.