Дар чанд ҷумла
Лаҳзаи сукути вакилон ба хотири Сӯҳроб Шарифов
Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ҷаласаи рӯзи чоршанбеи худро бо лаҳзаи сукут ба хотири ҳамкори марҳумашон - Сӯҳроб Шарифов оғоз карданд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, даргузашти оқои Шарифовро талафоти бисёр гарон барои парлумону кишвар донист. Ӯ гуфт, хотираи неки Сӯҳроб Шарифов дар ёди ҳамаи вакилон ва, ҳамин тавр, онҳое, ки ӯро мешинохтанд, абадӣ боқӣ хоҳад монд.
Шукурҷон Зуҳуров афзуд, зиндагии инсонҳо абадӣ нест ва аз ин рӯ даъват кард, “то ба қадри якдигар бирасем”. Ӯ дар идома гуфт, то ҳоло аз номи созмонҳову сафоратхонаҳо дар Тоҷикистон таъзияномаҳо дастрас мекунанд.
Сӯҳроб Шарифов, узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рӯзи 19-уми январ дар синни 52-солагӣ дар бахши амрози қалби бемористони Қарияи Болои Душанбе даргузашт.
Номзади илми фалсафа ва доктори илмҳои сиёсӣ, Сӯҳроб Шарифов аз соли 2011 инҷониб вакили Маҷлиси намояндагон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот буд. Дар интихоботи ояндаи порлумонӣ Шарифов боз ҳам аз ҳавзаи интихоботии шумораи 3-и Шоҳмансур номзад пешбарӣ шуда буд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Вазири дифои Русия хостори гузарондани озмоиши силоҳи ҳастаӣ шуд
Вазири дифои Русия пешниҳод кардааст, ки Маскав омодагиҳо барои озмоиши силоҳи ҳастаиро фавран оғоз кунад.
Андрей Белоусов 5-уми ноябр дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия гуфт, ин озмоиш посух ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст.
Ба гуфтаи Белоусов, Амрико аз тавофуқҳо барои коҳиши таслиҳот хориҷ шуда, барои сохтани мушакҳои нави қорапаймо бо кулоҳаки ҳастаӣ кор мекунад.
Владимир Путин ба вазоратҳои корҳои хориҷӣ, дифоъ ва мақомоти амниятӣ дастур дод, ки пешниҳодҳои худро барои омодагӣ ба озмоиши силоҳи ҳастаӣ ироа кунанд.
Доналд Трамп охири моҳи октябр ба Вазорати ҷанги Амрико дастури азсаргирии фаврии озмоиши силоҳи ҳастаиро дода буд. Ин тасмим бо вокунишҳое дар сатҳи ҷаҳонӣ рӯбарӯ шуд.
Трамп сабаби чунин тасмимро "барномаҳои озмоишии дигар кишварҳо" донист ва анҷоми ин озмоишҳоро "зарурӣ" гуфт, то Амрико аз рақибони ҳастаиаш ақиб намонад.
Иёлоти Муттаҳида аз соли 1992, Русия аз соли 1990 ва Чин аз соли 1996 озмоиши силоҳи ҳастаӣ анҷом надодаанд.
Футболбозони навраси тоҷик аз дастаи Чехия шикаст хӯрданд
Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар аввалин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2025 аз тими Чехия бо ҳисоби бузурги 1:6 мағлуб шуд.
Ин бозии даври аввал дар гурӯҳи “I” 5-уми ноябр дар майдони № 8-и «Aspire Zone» воқеъ дар пойтахти Қатар - шаҳри Давҳа – доир гардид.
Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 4:0 ба суди футболбозони навраси Чехия ба поён расид. Се голро ҳамлагар Вит Шкркон дар дақиқаҳои 12-ум, 16-ум ва 19-ум зада, хет-трик кард. Голи чорумро Петр Потмесил дар замони ҷуброншудаи қисми аввали бозӣ ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид намуд.
Дар нимаи дуюми бозӣ се гол зада шуд. Як голи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро ҳамлагар Муҳаммад Назриев дар дақиқаи 65-ум зад. Ду голи дигари чехҳоро Заҷак Доминик (дақиқаи 90-ум) ва Петр Потмесил (90+6) ба самар расонданд.
Дар бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи “I” мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Амрико бар тими Буркина-Фасо бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 79-ум Каван Сулливан зад.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи “I” дастаҳои мунтахаби наврасони Чехия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сеимтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо дар ҷадвали ин гурӯҳ Чехия ҷойи аввал ва ИМА ҷойи дуюмро касб кардаанд. Тимҳои Буркина-Фасо ва Тоҷикистон бидуни имтиёз мутаносибан дар зинаҳои сеюму чорум ҷойгир шудаанд.
Дар даври дуюми қаҳрамонии ҷаҳон-2025 дар гурӯҳи «I» 8-уми ноябр дастаи Тоҷикистон бо мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Буркина-Фасо бо Чехия вориди рақобат мешаванд.
"Дар се рӯз 72 метр поён фаромад". Нигаронӣ аз ҳаракати пирях дар Тоҷикобод
Мутахассисони идораи обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯянд, пиряхи Деҳдал, ки чанд рӯз пеш як пораи бузургаш канда шуда буд, то ҳол дар ҳаракат аст.
Оҷонси обуҳавошиносӣ 5-уми ноябр бар асоси тасвирҳои моҳвораӣ хабар дод, ки аз 1 то 3-юми ноябр "пирях то ба ҳол дар ҳолати номувозинатӣ қарор дошта, ба ҳисоби миёна давоми се рӯзи охир ба андозаи 72 метр ба поён ҳаракат намудааст".
Ба гуфтаи мутахассисон, бо назардошти вазъи обу ҳаво ва заминларзаи рӯзи 3-юми ноябр "ҳолати пирях айни ҳол пешгӯинашаванда" арзёбӣ мешавад.
Мақомот гуфтанд, идома ёфтани ҳаракати пирях эҳтимоли сар задани офатҳои табиӣ дар минтақаҳои поёнобро зиёд кардааст.
Рӯзи 25-уми октябр як пораи азиме аз пиряхи Деҳдал дар қаторкӯҳҳои Исмоили Сомонӣ канда шуд. Дарозии пиряхи ҷудошуда 1,5 километр буда, баландиаш 50 метр буд.
Намояндагони Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон гуфтаанд, сабаби асосии канда шудани пирях "баландшавии ҳарорати ҳаво ва набудани боришот дар давраи тӯлонӣ мебошад". Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисорот дар пай надошт, аммо ба гуфтаи мутахассисон такрори ин ҳодиса метавонад ба бархе деҳаҳои ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об хатар дошта бошад.
Шаш коргари афғонистонӣ дар ноҳияи Айнӣ ҳалок шудаанд
Баъзе расонаҳои Эрон гузориш доданд, ки баъди таркиш дар як кони ангишт воқеъ дар ноҳияи Айнии Тоҷикистон шаш коргари афғонистонӣ ҳалок шудаанд.
Ба гузориши хабаргузории "Тасним", наздик ба Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ, ҳодиса 3-юми ноябр рух додааст.
Ба қавли ин манбаъ, дар вақти рух додани таркиш шаш коргар дар дохили нақб ё тунел буданд ва ҳамаашон ҷон бохтанд. Ҷасади қурбониён аз зери хароба берун оварда нашудааст ва ба гузориши Тасним амалиёти наҷот идома дорад.
Панҷ нафар аз қурбониён сокинони вилояти Дойкунӣ ва яки дигарашон аз Ғур будааст. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса хабар надодаанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи расмӣ ба дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ва намояндагии ин ниҳод дар ноҳияи Айнӣ муроҷиат кард. Аммо дар ин ниҳод аз ин ҳодиса бехабарӣ карданд.
Ин бори аввал нест, ки коргарони афғонистонӣ дар Тоҷикистон ҳалок мешаванд. Моҳи майи имсол 8 коргари афғонистонӣ дар як кони ангишт дар ноҳияи Айнӣ ҷон бохтанд. Он вақт сабаби ҳодиса таркиш гази даруни кон гуфта шуд. Мақомоти Тоҷикистон он вақт низ аз ин ҳодиса бехабарӣ карда буданд.
Икром Зоирзода додситони нави Хатлон таъйин шудааст
Генерал Икром Зоирзода додситони нави вилояти Хатлон таъйин шудааст.
Номи ӯ рӯзи 5-уми ноябр дар мулоқоти Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, бо роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар минтақа садо дод.
Зоирзода аз моҳи январи соли 2024 то ин дам додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд. Аз он пеш дар мақоми муовини додситони кул ва сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон кор кардааст.
Додситони пешини Хатлон Аваз Назарзода рӯзи 3-юми ноябр бо иттиҳоми "кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад", аз мансаб озод ва аз мақомоти Прокуратура (Додситонӣ) ронда шуд.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 3-юми ноябр "риоя накардани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ"-ро аз далелҳои дигари тасмим донист.
Маълум нест, ки Назарзода бо чӣ кор ё рафторе шаъну эътибори мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар Тоҷикистон паст задааст. Дар гузашта баъди ингуна тасмимҳо чанд додрас барои ришвахорӣ ҷазо гирифтаанд.
Аваз Назарзода дар моҳи январи соли 2024 додситони вилояти Хатлон таъйин шуда буд. Аз он пеш дар мақоми додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардааст. Пеш аз он додситони шаҳрҳои Панҷакент ва Хуҷанд буд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба нишасти "С5+1" ба Вашингтон рафт
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 5-уми ноябр ба Вашингтон, маркази Иёлоти Муттаҳида рафтааст.
Ӯ ва ҳамтоёнаш аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ рӯзи шашуми ноябр дар нишасти "С5+1" ширкат хоҳанд кард. Ин қолаб панҷ кишвари минтақа ва Амрикоро дар бар мегирад ва аз соли 2015 фаъол аст.
Дар оғоз танҳо вазирони корҳои хориҷии ИМА бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дидору мулоқот мекарданд. Ҷо Байден, президенти пешини Амрико, бори аввал моҳи сентябри соли 2023 бо сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар қолаби "С5+1" дар Ню-Йорк мулоқот кард.
Қарор аст, ин навбат дидору суҳбати раҳбарони Осиёи Марказӣ бо Доналд Трамп, президенти Амрико, сурат гирад.
Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 3-юми ноябр аз ширкатдорони нишасти президентҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико даъват кард, ки дар баробари ҳамкориҳои иқтисодию амниятӣ, ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишварҳо низ тамаркуз кунанд.
Иёлоти Муттаҳида ҳар сол дар бахшҳои гуногун садҳо миллион долар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак мекунад. Бо ин вуҷуд, Вашингтон дар гузоришҳои солонааш кишварҳои Осиёи Марказиро барои поймоли ҳуқуқи башар, маҳдудияти озодии сухану озодии дин танқид мекунад.
Танқиди "Роғун Алерт" аз нақшаи Тоҷикистон барои кӯчондани ҳазорон нафар
Як эътилофи байнулмилалӣ аз нақшаи кӯчондани ҳазорон нафар барои бунёди нерӯгоҳи “Роғун” дар Тоҷикистон интиқод карда, онро “хатои бузург” хондааст.
“Роғун Алерт” рӯзи 4-уми ноябр дар изҳороте гуфт, кӯчондани ҳазорон нафар аз минтақаҳои зериобшавандаи “Роғун” зиндагии онҳоро ба хатар меандозад.
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба ин гузориш вокуниш накардаанд, аммо дар гузашта гуфта буданд, ки мардумро дар макони дигар бо ҷойи зист таъмин хоҳанд кард.
Дар гузориши эътилофи “Роғун Алерт” омадааст, барои бунёди “Роғун” бояд 60 ҳазор нафар кӯчонда шаванд ва ин яке аз бузургтарин мавридҳои кӯчондани одамон барои сохтани нерӯгоҳи барқи обӣ дар замони муосир аст. Ба гуфтаи мутахассисони созмон, “манфиати сокинон ба қадри зарурӣ ба инобат гирифта нашуд”.
Александр Колотов, мудири созмони иҷтимоии “Дарё бидуни сарҳад” ва аз муаллифони гузориш, навиштааст, мақомоти Тоҷикистон пешниҳоди сохтани нерӯгоҳро бо садди пиоинтар, ки “ҷойи зисти 32 ҳазор нафарро ҳифз мекард, бидуни асос рад карданд”.
Дар гузориш омадааст, онҳое, ки аз минтақаҳои зериобшавандаи “Роғун” кӯчонда мешаванд, дар ҷойи зисти нав бо камбуди об, замин ва гӯристон рӯбарӯ ҳастанд.
Эътилоф ҳамчунин тарзи пардохти ҷубронро барои сокинон танқид карда, гуфтааст, пуле, ки мақомот барои ин гурӯҳ ҷудо кардаанд, барои харидани хонаи нав ё сохтани манзил намерасад.
Муҳлати кӯчондани одамон низ дар гузориш танқид шудааст. Ба омори эътилофи “Роғун Алерт”, баъд аз соли 2018 ҳамагӣ 8 ҳазор кас кӯчонда шуданд, аммо мақомот мехоҳанд то соли 2032 аз 40 то 52 ҳазор нафарро ба ҷойи дигар баранд.
Муаллифони гузориш даъват кардаанд, ки нақшаи ҳозираи кӯчондани аҳолӣ барои “Роғун” бозбинӣ шавад, зеро сохтмони нерӯгоҳ метавонад зиндагии даҳҳо ҳазор нафарро ба душворӣ рӯбарӯ кунад.
Бо баланд шудани сабти оби обанбори нерӯгоҳи “Роғун” 40 деҳаи болооб зери об мемонанд ва сокинонаш бояд ба ҷойи дигар кӯчонда шаванд. Дар гузашта низ баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Human Rights Watch, аз нақзи ҳуқуқи сокинон ҳангоми кӯч додани онҳо аз як мавзеъ ба мавзеи дигар танқид карда буданд.
Нерӯгоҳи “Роғун”, ки ҳукумати Тоҷикистон онро ҳаёту мамоти кишвар мехонад, аз рӯи нақша бояд то соли 2032 анҷом шавад. То ин вақт ду чархаи нерӯгоҳро ба кор андохтаанд. "Роғун" баландтарин сад дар ҷаҳонро хоҳад дошт ва аз рӯи нақша бояд Тоҷикистонро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад.
Зуҳрон Мамдонӣ нахустин шаҳрдори мусалмони Ню-Йорк шуд
Зуҳрон Мамдонӣ, номзади Ҳизби демократи Амрико, дар интихоботи шаҳрдори Ню-Йорк ғалаба кард.
Тибқи натиҷаҳои ибтидоӣ, ба тарафдории Мамдонӣ 50,4 дарсади раъйдиҳандагон овоз додаанд.
Зуҳрон Мамдонӣ аввалин мусалмоне аст, ки ба мақоми шаҳрдори Ню-Йорк мерасад.
Пештар Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, аз Зуҳрон Мамдонӣ интиқод карда, ӯро “коммунист” хонд ва аз сокинони Ню-Йорк хост, ба ҷонибдории ӯ раъй надиҳанд.
Трамп аз ҳамҳизбии худ Кёртис Слива пуштибонӣ карда буд.
Аммо натиҷаҳои пешакии интихобот нишон доданд, ки ба тарафдории Слива танҳо 7,1 дарсади мардум овоз доданд.
Ню-Йорк яке аз шаҳрҳои сарватманд ва сераҳолии Амрико ба шумор меравад.
Дик Чейни, муовини Буш ва аз тарроҳони ҳамла ба Ироқ даргузашт
Дик Чейни, муовини президенти Амрико дар ду давраи раҳбарии Ҷорҷ Буши хурдӣ ва аз мунтақидони ҷиддии Доналд Трамп, дар 84-солагӣ даргузашт.
Ӯ, ки аз соли 2001 то 2009 муовини аввали Ҷорҷ Буши писар ва дар солҳои 1989 то 1993 ба муддати чаҳор сол вазири дифоъ дар ҳукумати Ҷорҷ Буши падар буд, дар миёни муовинони раисҷумуҳрӣ дар Амрико яке аз қудратмандтаринҳо шинохта мешуд.
Ин сиёсатмадори амрикоӣ, ки аз 33-солагӣ дар Кохи Сафед ва Конгресс машғули кор буд, ба унвони яке аз тарроҳони аслии ҳамлаи Амрико ба Ироқ дар соли 2003 дониста мешавад.
Дик Чейни барои тақвияти ҷойгоҳ ва эътибори президенти Амрико ва низ ҷойгоҳи муовини президент талош ва иқдомҳои зиёде кардааст.
Вай аз муҳимтарин чеҳраҳое буд, ки Саддом Ҳусейн, президенти пешини Ироқро ба доштани аслиҳаи куштори дастҷамъӣ муттаҳам мекарданд ва хоҳони ишғоли Ироқ буданд. Пас аз ҳамлаи Амрико ва ишғоли Ироқ ва сарнагунии Саддом Ҳусейн, ҳаргиз чунин аслиҳа пайдо нашуд.
Аммо дар солҳои баъд Чейни исрор дошт, ки ин ҳамла ва сарнагунии Саддом Ҳусейн тасмими дурусте буд, ки бар асоси маълумоти истихборотӣ дар он вақт гирифта шуда буд. Дар ҷанги Ироқ даҳҳо ҳазор нафар кушта шуданд.
Аз ин қабл, як даҳа пеш аз сарнагунии Саддом Ҳусейн, Дик Чейни дар мақоми вазири дифои ҳукумати Ҷорҷ Буши падар, амалиёти низомии Амрико дар берун рондани артиши Ироқ аз Кувайт дар ҷараёни ҷанги аввали Халиҷи Форсро раҳбарӣ карда буд.
Ин сиёсатмадори ҷумҳурихоҳ бинобар бархе иқдомҳои ҷанҷолӣ, аз ҷумла шеваҳо ва тактикаҳои бозҷӯӣ аз муттаҳамон ба терроризм, ҳатто бо бархе аз аъзои баландпояи ҳукумати Ҷорҷ Буш, аз ҷумла, Колин Повел, вазири дифоъ ва Кондолиза Райс, вазири корҳои хориҷӣ ҳам ихтилофи назари ҷиддӣ дошт.
Дар тарафи муқобил, Кумитаи вижаи Конгресси Амрико дар умури истихборотӣ ва ҳатто гузоришгари вижаи СММ дар умури зидди терроризм ва ҳуқуқи башар, чунин шеваҳоро ҳамчун "шиканҷа" медонистанд.
Ҳушдор аз омадани сел дар Тоҷикистон
Оҷонси ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор шудааст, ки рӯзи 5-уми ноябр дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо дар Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел вуҷуд дорад.
Ин ниҳод дар хабарномае навиштааст, боридани барфу борон дар ин рӯз эҳтимол сабаби омадани сел гардад.
Огоҳии Оҷонси ҳавошиносӣ дар ҳоле пахш мешавад, рӯзи 4-уми ноябр дар минтақаҳои кӯҳсори Тоҷикистон барфи аввал борид.
Дар наворҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт дида мешавад, ки дар минтақаҳои кӯҳсори вилоятҳои Суғд ва Хатлон барфи зиёд боридааст.
Дар ин рӯз ҳаракат дар баъзе роҳҳои кишвар, аз ҷумла роҳи Душанбе-Чаноқ мушкил шуд, ҳарчанд роҳ баста нашудааст.
Ширкати IRS, масъули нигоҳбини роҳи Душанбе-Чаноқ, ки барои ин кор аз ронандагон маблағ мегирад, субҳи 5-уми ноябр навишт, ягона масир ба шимоли кишвар боз аст.
Ҳанӯз дар бораи хисорот дар пайи боридани барф хабаре нашр нашудааст.
Дар Қирғизистон фаъолияти мактабҳои хусусии ронандагиро манъ карданд
Ҳукумати Қирғизистон фаъолияти мактабҳои хусусии ронандагиро манъ кардааст.
Намояндагони дастгоҳи президенти Қирғизистон гуфтанд, минбаъд шаҳрвандон танҳо баъди хондан дар мактабҳои давлатии ронандагӣ, соҳиби ҳуҷҷат мешаванд.
Мақомоти Қирғизистон аз он нигаронӣ кардаанд, ки фаъолиятҳои мактабҳои хусусии ронандагӣ олуда ба фасод буд ва талош доранд фасод дар ин бахшро аз байн баранд.
Мақомоти ин кишвар гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ баъди додани пораро яке аз сабабҳои зиёд шудани садама дар Қирғизистон гуфтанд.
Бархеҳо дар Қирғизистон аз бастани мактабҳои хусусии ронандагӣ тарафдорӣ карданд, аммо гурӯҳи дигар онро танқид намуданд.
Нигаронии коршиносони СММ аз тахриби мероси таърихӣ дар Самарқанд
Коршиносони Созмони Милал нигаронии худро дар бораи кӯч додани иҷборӣ ва тахриби хонаҳо дар маркази шаҳри Самарқанд, ки аз соли 2001 ба унвони мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шудааст, иброз карданд.
Онҳо рӯзи 30-юми октябр дар эъломияе гуфтанд, "мо борҳо нигаронии ҷиддии худро дар бораи кӯчи иҷборӣ дар чанд макони мероси табиӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар Камбоҷа, Танзания ва Узбекистон, бо ҳукуматҳои онҷо, ЮНЕСКО ва Кумитаи мероси ҷаҳонӣ матраҳ кардаем."
Дар моҳи майи соли 2025 як маҳалла дар минтақаи ҳифозатшудаи наздик ба мақбараи Абумансури Мотуридӣ вайрон шуд ва беш аз 1200 нафар давоми чанд ҳафта хонаҳои худро аз даст доданд. Тахриби хонаҳо асосан аъзои ақаллияти мултонӣ (лӯлиҳо)-ро, ки солҳо дар ин минтақа зиндагӣ карда, иртиботи фарҳангӣ ва таърихии амиқе бо ин маҳалла доштанд, овора кардааст.
Ба гуфтаи коршиносон, "нақшаи кӯчондани аҳолӣ пеш аз тахрибкунӣ таҳия, муҳокима ва мувофиқа карда нашудааст."
Тибқи гузоришҳо, дороиҳои мардум зери фишори шадиди пулис, мақомоти додгоҳӣ ва маҳаллӣ дар як раванди шитобкорона мусодира шудааст. Вакиле, ки аз як соҳибхона дифоъ мекард, аз сӯи пулис таҳдид ва боздошт шуд ва барқу газ ба таври муваққат қатъ шуд, то мардум ба тарки хонаҳои худ маҷбур шаванд.
Дар ҳоле ки чанде аз сокинон ҷубронпулӣ гирифтаанд, ин маблағ барои харидани замин ва манзил дар маркази шаҳри Самарқанд нокофист.
Ин тахрибҳо чанд моҳ қабл аз баргузории чиҳилумин конфронси умумии ЮНЕСКО, ки рӯзи 30-юми октябр дар Самарқанд оғоз шуд, рух додааст.
То кунун ЮНЕСКО ва Кумитаи мероси ҷаҳонии он ҳеч гуна дастури расмиро қабул накардаанд, ки кӯчонидани маҷбуриро манъ кунад.
Коршиносони СММ гуфтанд, ЮНЕСКО вазифадор аст, ки ба ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи фарҳангӣ эҳтиром бигузорад ва ба нақзи онҳо чашм напӯшад.
Дар Маскав муҳоҷиронеро меҷӯянд, ки бо корду табар занозанӣ кардаанд
Пулиси Маскав муҳоҷиронеро ҷустуҷӯ дорад, ки шаби дуюми ноябр бо истифода аз корду табар занозанӣ кардаанд.
Ҷанҷол дар наздикии маҷмааи истиқоматии Филатов Луг рух дода, ба навиштаи саҳифаи Mash дар Телеграм, яке аз сокинон ин саҳнаро дидааст.
Дар Раёсати корҳои дохилии Маскав ба хабаргузории расмии “РИА Новости” гуфтаанд, ки дар бораи занозанӣ иттилоъ гирифтанд, аммо дар ҷойи ҳодиса касеро наёфтанд. Дар ҳар сурат, ба гуфтаи онҳо, ҷустуҷӯи ширкатдорони муноқиша идома дорад.
Дар ин байн ҳудуди ҳафт ҳазор муҳоҷирро аз шаҳри Маскав ва вилояти ҳамноми он берун мекунанд. Ин рақамро Татяна Петрова, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Русия, ҳангоми натиҷагирӣ аз амалиёти “Нелегал 2025” дар охири ҳафтаи гузашта баён дошт.
Амалиёт дар ду марҳила дар моҳҳои июн ва октябри имсол сурат гирифта, дар ҷараёни он хобгоҳҳои муҳоҷирон, бозору сохтмонҳо ва ошхонаву тарабхонаҳо тафтиш шудаанд.
Вазорати корҳои дохилии Русия мегӯяд, танҳо дар Маскав зиёда аз 12 ҳазор мавриди қонуншикании муҳоҷирон ошкор гардид. Аз ин миён 8300 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, бархеро аз ҳудуди Русия меронанд.
Дар ҳоле ки мақомоти Русия аксар қонуншикании муҳоҷиронро ба вайрон кардани тартиби будубош ва надоштани ҳуҷҷати кору иқомат пайванд медиҳанд, баъзе аз муҳоҷирон аз бархӯрди номуносиб ва иттиҳомҳои бофтаву сохта шикоят мекунанд.
Дар Русия дар як соли охир даҳҳо қонуну санаде қабул шудааст, ки ҳузуру фаъолияти муҳоҷиронро дар ин кишвар маҳдуд мекунад. Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору иқомат доранд.
Узбекистон раводидро барои шаҳрвандони Амрико бекор мекунад
Узбекистон аз соли 2026 раводиди сафар ё визаро барои шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бекор мекунад.
Дар ин бора дар фармони президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз 3-юми ноябр таъкид шудааст.
Бар асоси ин санад, аз моҳи январи соли оянда шаҳрвандони Амрико ҳақ доранд, ки бидуни виза ё раводид то 30 рӯз дар хоки Узбекистон бимонанд.
Дар фармон ҳадафро аз ин кор "густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву ҷаҳонгардӣ" номидаанд.
Ин тасмим дар замоне эълон шуд, ки Шавкат Мирзиёев ва раҳбарони дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мулоқот бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба Вашингтон мераванд. Нишасти C5+1 (Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида) рӯзи 6-уми ноябр баргузор хоҳад шуд.
Аз соли 2021 дар Узбекистон барои шаҳрвандони Амрико, ки синнашон аз 55 болост ва бо ҳадафи сайёҳӣ ворид мешаванд, низоми бе раводид барои 30 рӯз амал мекунад.
Худдории чанд ширкати чинӣ аз харидани нафти Русия
Баъд аз таҳрими ду ширкати калони нафтии Русия аз сӯи Амрико, чанд ширкати бузурги чинӣ хариди нафтро аз Русия бас кардаанд. Дар ин бора пойгоҳи Bloomberg бо такя ба манобеаш хабар дод.
Ба гузориши манбаъ, худдории ширкатҳои чинӣ аз хариди нафти Русия боиси якбора паст шудани нархи нафти ESPO шуд.
Иёлоти Муттаҳида дар моҳи октябр ба далели ҷанги Русия дар Украина алайҳи ширкатҳои русии “Роснефт” ва “Лукойл” таҳрим ҷорӣ кард.
Ба гузориши пойгоҳи Bloomberg, калонтарин ширкатҳои коркарди нафти Чин, аз ҷумла Sinopec ва PetroChina аз хариди нафти Русия даст кашидаанд. Ин ширкатҳои чинӣ аз он тарс доранд, ки ба рӯйхати таҳримҳои Амрико ва Иттиҳоди Аврупо шомил шаванд.
Ахиран Иттиҳоди Аврупо ширкати чинии Shandong Yulong Petrochemical Co.-ро ба рӯйхати сиёҳ шомил кард. Ба ҳисоби Rystad Energy AS баъд аз худдории чанд ширкати калони чинӣ интиқоли нафт аз Русия ба Чин рӯзона то 400 ҳазор бушка дар рӯз кам шудааст.
Дар айни замони Bloomberg менависад, таҳримҳо натиҷаи баръакс ҳам додаанд. Аз ҷумла, ширкати Yulong, ки пештар аз сӯи Аврупо таҳрим шуда буд, пурра ба хариди нафти Русия гузаштааст.
Дар ҳамин ҳол, Туркия ҳам хариди нафтро аз Русия кам кардааст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кам кардани хариди сӯзишвориро аз Русия бо шариконаш дар Осиё баррасӣ дорад. Русия таҳримҳои Ғарбро ғайриқонунӣ медонад.