Қазоқистон ба “Паймони Иброҳим” мепайвандад, ки бо миёнравии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои одӣ кардани равобит байни Исроил ва кишварҳои мусулмонӣ ба имзо расидааст. Ҳаракати Остона як гоми стратегӣ ва ҳадафаш таҳкими муносибат бо Вашингтон арзёбӣ мешавад.
Қарори Остона рӯзи 6-уми ноябр эълон шуд. Он бештар рамзӣ аст, чун Қазоқистон баъди аз ҳам пошидани Иттиҳоди Шӯравӣ ва пас аз соҳиб шудан ба истиқлол дар соли 1991 бо Исроил равобити дипломатӣ барқарор карда буд.
Бо вуҷуди ин, пайвастан ба “Паймони Иброҳим”, ки яке аз дастовардҳои асосии давраи аввали раёсати ҷумҳури Доналд Трамп маҳсуб мешавад, Қазоқистонро дар маркази талошҳои нави Кохи Сафед барои эҳёи ин ташаббус дар сиёсати хориҷиаш қарор медиҳад.
Аз Ховари Миёна то ба Осиёи Марказӣ
“Паймони Иброҳим” барои одисозии равобит ва тақвияти ҳамкорӣ байни Исроил ва кишварҳои мусулмонӣ роҳандозӣ шуд. Иморати Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн ва Марокаш соли 2020 ин созишномаро барои барқарории равобити дипломатӣ бо Исроил имзо карданд.
Ҳукумати Доналд Трамп талош дорад, доираи ин ташаббусро васеъ кунад ва ин мавзуъ яке аз нуктаҳои муҳими сафари қарибулвуқӯи Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, ба Вашингтон дар рӯзи 18-уми ноябр хоҳад буд.
Қазоқистон, ки бузургтарин ва сарватмандтарин кишвари Осиёи Марказӣ аст, нахустин давлат дар минтақа мешавад, ки ба “Паймони Иброҳим” мепайвандад. Бо ин кор доираи созиши дипломатӣ аз Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ то ба Осиёи Марказӣ густариш меёбад.
Ҳукумати Қазоқистон дар изҳороте дар ин бора гуфт: “Қарори мо барои пайвастан ба “Паймони Иброҳим” идомаи табиӣ ва мантиқии сиёсати хориҷии Қазоқистон аст, ки бар сутуни муколама, эҳтироми мутақобил ва суботи минтақавӣ устувор аст.”
Барои Қазоқистони саршор аз захираҳои нафту газ, ки солҳост бо Русия ва Чин робитаҳои наздик дорад, ҳамроҳ шудан ба паймон як фурсат барои тавсеаи ҳамкориҳо бо Иёлоти Муттаҳида арзёбӣ мешавад.
Доналд Трамп ва Қосимҷомарт Тоқаев. Вашингтон, 6-уми ноябри 2025
Эндрю Даниери, муовини мудири Маркази Авруосиё дар Шӯрои Атлантик, дар як таҳлиле дар ин бора навиштааст: “Қазоқистон, ки миёни Русия ва Чин ҷойгир аст, мехоҳад шарикони бештар дошта бошад. Бахусус мехоҳад, робитаҳои фаъолтар бо Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо дошта бошад.”
Ба навиштаи ин таҳлилгар: “Пайвастан ба “Паймони Иброҳим” қадами оқилона ва амалгароёна аст, ки ба Қазоқистон имкон медиҳад, таваҷҷӯҳи мусбати Вашингтонро ҷалб кунад ва ба таваҷҷӯҳи бештари иқтисодии идораҳои амрикоӣ ва бахши хусусӣ сабаб шавад.”
Дар ҷустуҷӯи шарикони бештар
Ба қавли коршиносон, эълони пайвастан ба паймон тасодуфӣ набуд ва замоне сурат гирифт, ки Доналд Трамп роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказиро дар Кохи Сафед мизбонӣ мекард. Дар ҷараёни нишасти якрӯза Трамп аз имзои созишҳои тиҷоратӣ, дипломатӣ ва созишҳо дар бораи маъданҳои камёб бо минтақа хабар дод, то робитаҳои Амрикоро бо кишварҳое таҳким бахшад, ки ҳамеша зери нуфузи Маскав буданд ва акнун ба Чин наздик мешаванд.
Пеш аз ин нишаст, Қазоқистон як созиши муҳим дар бораи истихроҷи маъданҳои камёбро бо Амрико ба имзо расонд, ки бар асоси он ду кишвар яке аз бузургтарин конҳои дастнохӯрдаи волфрам дар Қазоқистон ҳамкорӣ хоҳанд кард, ки аз бузургтаринҳо дар ҷаҳон аст.
Ҷозеф Эпстин, мудири Маркази пажӯҳишии “Турон” дар Донишгоҳи Йорктауни Вашингтон, ба Радиои Озодӣ гуфт, агарчӣ ин иқдом рамзӣ менамояд, метавонад аҳамияти ҷиддии дипломатӣ пайдо кунад: “Қарори Остона барои пайвастан ба Паймони Иброҳим оғози як марҳилаи нав аст. Ин паймон як ташаббуси сулҳи Ховари Миёнаро ба як эътилофи кишварҳои мусалмони муътадили тарафдори Амрико табдил медиҳад, ки барои таҳаммулгароӣ ва шукуфоӣ талош доранд.”
Баъзе аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, аз ҷумла Узбекистон ва Озарбойҷон, майли пайвастан ба ин паймонро нишон додаанд.
Ба навиштаи Зоро Зоимӣ, таҳлилгари Шӯрои Атлантик: “Ҷалби кишварҳои муҳиме мисли Қазоқистон ва Озарбойҷон, ки дорои захираҳои бузурги газ ва ураниюм ва аз дарвозаҳои Баҳри Хазар ҳастанд, ба Иёлоти Муттаҳида ва Исроил бартарии стратегӣ нисбат ба Русия ва Эрон медиҳад. Минтақаҳое, ки ин ду кишвар дар ҳавзаи нуфузи худ мешуморанд.”